МАВЛУДИ ҲАЗРАТИ (#15679)

Ал-Ақдасул-Амнаъул-Аъзам Иди Мавлуд омад, ва Ҷамоли Худованди Тавоно ва Азиз ва Дустдошта, бар Тахт барқарор шуд. Хушо аз барои оне, ки дар ин руз дар назди Руйи Ту ҳозир шуд, ва нигоҳи Худованди Нигаҳбони Ҷовидон бар у афтод. Бигу: Ба ростӣ, Мо ин идро дар зиндони аъзам ҷашн гирифтем, баъди он ки подшоҳон бар зидди Мо қиём намуданд. Қудрати ҳеҷ золиме Моро манъ нанамуд ва сипоҳи замин Моро парешон насохт. Ин аст, ончи Бахшанда дар ин мақоми сутуда бар он шаҳодат Бигу: Оё Ҷавҳари Оромиш аз ғавғои офариниш парешон мешавад?	На, савганд ба Ҷамоли Дурахшони У, бар ончи буд ва ҳаст. Ин Сатвати Худост, ки ҳама офаринишро иҳота кардааст ва ин Қудрати Уст, ки ҳар шоҳид ва машҳудро нигаҳбон аст. Ба ҳабли иқтидор тамассук намоед ва Парвардигори Мухтори худро зикр кунед, дар ин бомдоде, ки ба он ҳар як ғайби макнуне равшан шуд. Инчунин, Забони Ҷовидонӣ дар рузе, ки дар он раҳиқи махтум кушода шуд, сухан меронад. Мабодо авҳоми ононе, ки Худоро инкор намудаанд, шуморо парешон намояд ё гумонҳо аз ин шоҳроҳ шуморо боздоранд. Эй аҳли Баҳо! Бо болҳои инқитоъ дар ҳавои муҳаббати Парвардигори Бахшанда парвоз намоед ва ба он чӣ дар Лавҳи Маҳфуз нозил шудааст, Уро ёрӣ диҳед. Мабодо, бо касе аз бандагон муҷодила намоед. Ба буйи хуши Яздон ва	гуфтори У зоҳир	шавед! Ҳамаи руйҳо ба буйи хуши Яздон ва гуфтори У таваҷҷуҳ мекунанд. Ба ростӣ, ононе, ки имруз ғафлат намудаанд онҳо аз хоҳишҳои нафсонӣ сармаст гаштаанд ва огаҳ намешаванд. Хушо аз барои оне, ки ба Матлаъи Оёти Парвардигори худ бо итоат ва фармонбардорӣ таваҷҷуҳ Ба ростӣ, ту дар байни бандагон қиём кун! Ва ба ёди онон он чиро биёвар, ки дар китоби Парвардигори Азиз ва Мухтори онон нозил шудааст. Бигу: Аз Худо битарсед! Ва авҳоми ононеро, ки аз пайи ҳар бадкирдори шаккок мераванд, пайравӣ манамоед. Бо дилҳои равшан ба суйи Тахти Парвардигори Молики Асмо ру намоед! Ба ростӣ, У шуморо дастгирӣ менамояд. Нест Худое, ҷуз У, Азиз ва Маннон. Оё шумо ба суйи ғадире мешитобед?! Дар ҳолате, ки дарёи бепоён дар пеши руйи шумост?! Ба У ру намоед ва ҳар як бутпарасти найрангбозро пайравӣ манамоед! Инчунин, Парандаи Бақо дар шохсори Сидраи Мунтаҳо месарояд. Қасам ба Худо! Ба як замзамаи У Анҷумани Боло шефта гардид, сипас сокинони шаҳрҳои номҳо, сипас ононе, ки дар гирди Тахти Осмонӣ дар шабонгоҳон ва саҳаргоҳон чарх мезананд. Инчунин боронҳои гуфтор аз осмони хости Бахшанда Яздон биборид. Эй мардумон ба У ру намоед! Ва касонеро пайравӣ манамоед, ки ба Оёти Худованд муҷодила намуданд. Ҳангоме, ки нозил шуд ва ҳангоме, ки бо ҳуҷҷат ва бурҳон омад Бахшанда Яздони худро инкор намуданд

-Bahá'u'lláh
-----------------------

